Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Қазоқистон

26.04.2022 14:48

26 апрели соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Турехановро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табодули афкор намуданд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм t.me/mfa_tj
  3. Твитер  /twitter.com/MID_Tajikistan ва 

26,04,2022,15,33.jpg

26,04,2022,15,32.jpg

26,04,2022,15,31.jpg

 

Нигористон

Тақвим