Мулоқот бо раиси шаҳри Кумамотои Япония

26.04.2022 12:01

24 апрели соли 2022 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо раиси шаҳри Кумамотои Ҷопон Казуфуми Онишӣ  дидор намуданд.

Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон ва зарурати барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ мубодилаи афкор намуданд. Аз Казуфуми Онишӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун раиси шаҳри мизбони Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (6-9 июни 2022 дар Душанбе) иштирок намояд.

Худи ҳамон рӯз ҳайати кишвар бо вакили Палатаи намояндагон, собиқ вазири адлияи Ҷопон хонум Йоко Камикава мулоқот кард. Ҷонибҳо раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе ва ҳадафу нақши калидии он дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи обро муҳокима карданд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм t.me/mfa_tj
  3. Твитер  /twitter.com/MID_Tajikistan

26,04,2022,12,04.jpg

26,04,2022,12,03.jpg

 

Нигористон

Тақвим