24 апрели слои 2022 дар Кумамотои Япония мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар ҳошияи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо котиби Комиссияи тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Филиппин Роберт Борхе мулоқот карданд.
Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардида, нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар татбиқи барномаи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид махсус қайд гардид.
Андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, инчунин тадорукот ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (6-9 июни 2022 дар Душанбе), ки ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ хизмат карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти 2023, Ню-Йорк) нақши калидӣ хоҳад дошт, дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор доштанд.