Дидори ҳайати Тоҷикистон бо вазири муҳити зист, тағйироти иқлим ва фанноварии Малдив

26.04.2022 11:47

24 апрели соли 2022 дар Кумамото дар ҳошияи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо вазири муҳити зист, тағйироти иқлим ва фанноварии Малдив Аҳмад Муҷтаба баргузор гардид.

Дар мулоқот муносибатҳои Тоҷикистон ва Малдив дар соҳаҳои гуногун, ба вежа гардишгарӣ муҳокима шуда, доир ба ҳамкории Тоҷикистон ва Малдив дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар заминаи Созмони Милали Муттаҳид татбиқ намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва иштироки ҳайати он кишвар дар Конфронси дуюми оби Душанбе (6-9 июни соли 2022) мубодилаи афкор сурат гирифт.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм t.me/mfa_tj
  3. Твитер  /twitter.com/MID_Tajikistan

26,04,2022,11,50.jpg

26,04,2022,11,51.jpg

 

Нигористон

Тақвим