Вохӯрӣ бо вазири рушди Бруней Доруссалом

25.04.2022 12:27

23 апрели соли 2022 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар доираи иштирок дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо вазири рушди Давлати Бруней-Доруссалом Дато Сери Сетиа Ир Аванг Ҳоҷӣ Суҳайнӣ бин Ҳоҷӣ Ғафор мулоқот кард.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардида, аз вазири брунейӣ даъват карда шуд, ки бо Тоҷикистон дар тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни 2022 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 дар Ню-Йорк ҳамкорӣ сурат гирад.

Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Телеграм t.me/mfa_tj

Твитер  /twitter.com/MID_Tajikistan 

25,04,2022,12,29.jpg

 

Нигористон

Тақвим