Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

25.04.2022 11:32

23 апрели соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (6-9 июни 2022 дар Душанбе) Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки  дар шаҳри Кумамотои Ҷопон идома меёбад, иштирок намуд.

Маросими ифтитоҳи чорабиниро Сарвазири Ҷопон  Фумио Кишида ифтитоҳ намуда, дар он ҳамчунин императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Индонезия, Филиппин, Науру, Шри-Ланка, Туркманистон, Камбоҷа, Тувалу, Лаос, Бутан, Ветнам, Бангладеш, Таиланд, Ниуэ, Ҷазираҳои Маршал ва муовини Сарвазири Узбекистон ба таври ҳузурӣ, мустақим ва паёми видеоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Саммит аҳаммияти Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти 2023, Ню-Йорк) дар баррасии масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ гардида, нақши Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар раванди омодагӣ ба баргузор он Конфронс таъкид гардид.

Дар санади ниҳоии Кумамото пешбурди Раванди оби Душанбе дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо дарназардошти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ҳамчун идомаи фаъоли Тоҷикистон дар пайдо кардани роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ қабул шудааст, дарҷ гардидааст.

Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Телеграм t.me/mfa_tj

Твитер  /twitter.com/MID_Tajikistan 

25.04.2022.11.33.jpg

25.04.2022.11.34.jpg

25.04.2022.11.29.jpg

25.04.2022.11.31.jpg

25.04.2022.11.30.jpg

25.04.2022.11.32.jpg

 

Нигористон

Тақвим