Брифинги сатҳи баланд роҷеъ ба муаррифии“Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025”

23.04.2022 12:31

22 апрели соли 2022 дар қароргоҳи СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) ва Иттиҳоди Аврупо бори нахуст брифинги сатҳи баланд роҷеъ ба муаррифии “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025” ва нақшаи амали он баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф рӯнамоии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025-ро ба ҳозирин манзур намуд. Дар рӯнамоии Стратегия вобаста ба тамоюлҳо ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии кишвар дар соҳаи мубориза бо терроризм маълумоти муфассал пешниҳод гардида, мусоидати кишварҳои узв ва ниҳодҳои СММ ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегия муҳим дониста шуд.

Дар ҷорабинӣ ҳамҷунин Муовини Дабири кул, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ Олаф Скуг, роҳбари бахши ҳуқуқӣ ва мубориза бо терроризми Намояндагии доимии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар СММ Нидаа Абу Алӣ, Ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва намояндаи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Армандс Пуполс суханронӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки намояндаҳои Узбекистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Чин, Умон, Австралия, Тунис, Муғулистон, Парагвай, Латвия, Туркия, Сингапур, Арманистон, Баҳрайн, Эрон ва Марокко зимни баромади худ саҳм ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҳадафи чорабинии мазкур инъикоси пешрафт ва талошҳои кишвар дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ тибқи стратегияҳои қабулшуда ва нақшаҳои амалӣ буд.

Дар чорабинӣ ҳайатҳои кишварҳои узв ва коршиносони ниҳодҳои СММ оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии хушунатомез ва терроризм, инчунин намояндагони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, минтақавӣ ва тахассусӣ иштирок намуданд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм t.me/mfa_tj
  3. Твитер  /twitter.com/MID_Tajikistan ва 

23,04,2022,12,34.jpg

23,04,2022,12,35.jpg

 


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим