21 апрели соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон Бабаев Мухтар баргузор гардид.
Ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи экология, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зистро муҳокима намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамҷунин оид ба ҳамкорҳои тарафайн ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахши экология ва ҳифзи муҳити зист, ташкили мулоқоти коршиносони ду кишвар, инчунин коркард ва татбиқи абзорҳои нави равобит дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.