Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони "Тоҷикистон - кишвари қуллаҳои осмонбус ва дарёҳои тиллоӣ"

22.04.2022 15:00

20 апрели соли 2022 дар шаҳри Боку дар “Хонаи аксҳои Боку” ба муносибати 30-умин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари қуллаҳои осмонбӯс  ва дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ вакилони Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойчон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони ҳайати дипломатии муқими Боку, доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Озарбойҷон ва расонаҳои хабарии кишвари  иқомат ҳузур доштанд.

Директори Маркази осорхонаи “Ичеришеҳер” Амина Меликова, Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойчон Айдин Мирзазаде ва аксбардори машҳури ҷаҳон Реза Дегатӣ ба сифати меҳмонони фахрӣ суханронӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ дар рафти суханронии хеш баргузории ин намоишгоҳро дар муаррифии имкониятҳо ва зебоиҳои Тоҷикистон ва таҳкими равобити Тоҷикистону Озарбойҷон ва мардумони минтақа муҳим арзёбӣ карда, аз фарҳанги пурғановат, санъату ҳунари волои мардуми тоҷик, рушду пешрафти иқтисоди кишвар ва дар бораи минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан ронд.

Намоишгоҳ то 25 апрели соли 2022 идома меёбад.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм t.me/mfa_tj
  3. Твитер  /twitter.com/MID_Tajikistan ва 

1 22,04,2022,15,02.jpg

2 22,04,2022,15,01.jpg

3 22,04,2022,15,00.jpg

22,04,2022,14,60.jpg

22,04,2022,14,56.jpg

22,04,2022,14,57.jpg

Нигористон

Тақвим