21 апрели 2022 мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Ноиби Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Кеичиро Наказава дар Токио баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония ва аҳаммияти лоиҳаҳоеро, ки ин агентӣ дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, таъкид намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Телеграм t.me/mfa_tj
Твитер /twitter.com/MID_Tajikistan ва