22 апрели соли 2022 дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикисттон Раҳмон Юсуф бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025” ва масъалаҳои таҳдиду чолишҳои амниятӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин, дар рафти мулоқот роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди зиддитеррористии СММ ва иқдомҳои муштарак дар доираи “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Телеграм t.me/mfa_tj
Твитер /twitter.com/MID_Tajikistan ва