Мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония

20.04.2022 16:50

20 апрели соли 2022 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Хонда Таро дар Токио баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ш.Шерализода ҳамтои худро дар бораи рафти омодагӣ ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мегардад, шинос намуд.

Инчунин ҷонибҳо зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» ва таҳкими ҳамкориҳо дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро таъкид карданд.

Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Телеграм t.me/mfa_tj

Твитер  /twitter.com/MID_Tajikistan ва 

20,04,2022,16,53.jpg

 

Нигористон

Тақвим