13 апрели соли 2022 дар ш. Анқара Сафорат вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Раиси Шӯрои директорони Агентии Акредитатсияи “HELAL”-и Туркия Зафер Сойлу дар Сафорат баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, инчунин дар доираи Комиссия байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро дар самти акредитатсия, бунёди озмоишгоҳҳои муосир, пешниҳоди сертификати молу маҳсулотҳои ҳалол, табодули иттилоот дар заминаи зерсохтори сифати ҳалол ва баиимзорасонии ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Туркия, муҳим арзёбӣ намуданд.