13 апрели соли 2022 дар Институти минтақашиносии Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анкара Конфронс бахшида ба 30-умин солгарди барқароршавии равобити дипломатии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар баромади худ аз пайвандгари тамаддуни миллатҳои тоҷику турк – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёдовар шуда, дар хусуси муносибатҳои босамари дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркия дар тӯли 30 сол сухан намуд.
Муовини ректори Донишгоҳ Ҳакан Туркчапар дар маърузаи худ оид ба равобити дипломатии Тоҷикистону Туркия дар замони муосир ва таърихи муносибатҳои халқҳо сухан кард.
Дар кори Конфронс Директори Институти минтақашиносии Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анкара Мурат Баяр, кормандони сафорат, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар ҳошияи Конфронс вохӯрии Сафир бо Ректори Донишгоҳи мазкур профессор, доктор Муса Казим Араҷан сурат гирифта, ба китобхонаи Донишгоҳ китобҳои тарғибкунандаи Тоҷикистонро тақдим намуд.