Брифинг бахшида ба Конфронси  оби 2023

13.04.2022 11:45

12 апрели соли 2022 дар қароргоҳи СММ намояндагиҳои Тоҷикистон ва Нидерландия ҳамчун ҳамраисони Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (марти 2023, ш.Ню-Йорк) дар якҷоягӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ниҳоди СММ-захираҳои об дар бораи корҳои анҷомшуда ва нақшаҳои дарпешистодаи худ брифинг баргузор намуданд.

Дар рафти брифинг ҳамраисони Конфронси СММ-2023 оид ба об, Султон Раҳимзода ва Ҳенк Овинк дар бораи раванди омодагӣ ба Конфронси 2023, иқдомҳои минбаъда ва интизориҳо аз чорабинӣ ба ҳозирин маълумот доданд. Зикр гардид, ки об ҷузъи ташаккули тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон мебошад ва аз ин лиҳоз Конфронси 2023 ба андешидани тадбирҳои мушаххас барои ноил шудан ба  ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба  об равона шудааст.

Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин ба ҳайси Дабири кулли Конфронси СММ-2023 ва Раиси ниҳоди СММ-захираҳои об Гилберт Ҳунгбо низ доир ба раванди омодагӣ ба Конфронс ва интизориҳои хеш ибрози назар карданд.

Тоҷикистон ва Нидерланд ба ҳайси ҳамраисони Конфронс дар якҷоягӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ниҳоди СММ-захираҳои об ҳамчун котиботи Конфронс мақсад гузоштаанд, то Конфронси 2023 оид ба обро ҳамчун лаҳзаи ҳалкунандае, ки тамоми ҷаҳонро барои расидан ба ҳадафҳои марбут ба об муттаҳид мекунад, табдил диҳанд.

c12794b9-5505-4a91-9811-75d07d2db9d7.jpg

a7c99aa9-f33e-4efa-b4fc-dbe0d174dc42.jpg

b9152f2a-2131-42e8-9511-05b343dfb9f1.jpg

3f9385a4-d37b-4479-a911-a6723765c9bb.jpg

Нигористон

Тақвим