Вохӯрӣ бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ

12.04.2022 16:14

12 апрели соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, табодули афкор намуданд.

Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ омодагии кишварашро барои иштирок дар чорабинии мазкур дар сатҳи муносиб таъкид кард.

13,04,2022,8,19.jpg

Нигористон

Тақвим