Вохӯрии Сафир бо Вазири захираҳои об ва обёрии Миср

11.04.2022 13:26

10 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо Вазири захираҳои об ва обёрии Миср Муҳаммад Абдулотӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ду кишвар дар соҳаи обу обёрӣ, аз ҷумла табодули маълумоту таҷриба дар ин соҳа баррасӣ шуд.

Бо ишора ба зарурати омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории босамар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

11,04,2022,13,40.jpg

 

Нигористон

Тақвим