Эътимодномасупорӣ ба Дабири кулли Ҷомеаи Давлатҳои Араб

11.04.2022 13:22

10 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷмуҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ ба Дабири кулли Ҷомеаи Давлатҳои Араб Аҳмад Абу-л-Ғайт ба ҳайси Сафири ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҷомеа эътимоднома тақдим намуд.

Зимни суҳбат, ки пас аз супоридани эътимоднома сурат гирифт, ду ҷониб доир ба масоили гуногуни мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

11,04,2022,13,23.jpg

 

Нигористон

Тақвим