7-9 апрели соли 2022 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Давлатзода Лутфулло директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳунармандони тоҷик дар фестивали "Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу" иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Туркия А. Гулов дар намоиши "Бунбаст"-и драманависи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу, ки бо таҳияи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбон Собир дар иҷрои ҳунармандони театри давлатии ба номи А. Лоҳутӣ дар Маркази фарҳангии Туркан Сайлон воқеъ дар шаҳри Истанбули Туркия рӯи саҳна омад, иштирок намуд.
Баъд аз намоиш Сафир дар суханронии хеш қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳанг ва маориф, инчунин санъати театрӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки тибқи нақша давоми соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳангии ду кишвар бояд баргузор гарданд. Аз фурсат истифода бурда А. Гулов театрҳои туркиро барои ташриф овардан ба кишвари мо бо сафари ҷавобии ҳунарӣ даъват кард.