8 апрели соли 2022 дар шаҳри Истанбул вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Президенти Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак баргузор гардид.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар, пеш аз ҳама гардиши савдо ва раванди ҷалби сармояи мустақими туркиро ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат» мавриди муҳокима қарор доданд.
Мувофиқаҳо ҳосил гардиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо миёни бахши хусусии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи бонкдорӣ ва энергетика форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ давоми соли ҷорӣ ташкил карда мешавад.