Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон

11.04.2022 12:01

Дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 5 – 10 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор карда мешавад.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

markup-2-5363871444931449921-HEIC-4-3.png

PXL-20220409-120735761-2.jpg

Нигористон

Тақвим