Мулоқоти Намояндаи доимии кишвар бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ

09.04.2022 13:00

8 апрели 2022 вохӯрии Намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла танзими чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва идомаи ҳамкориҳо дар доираи “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он мавриди баррасӣ қарор доданд.

09,04,2022,13,03.jpg

 

Нигористон

Тақвим