Мулоқоти Сафир бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия

09.04.2022 12:54

7 апрели соли 2022 дар шаҳри Димишқ Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода ро  ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун,  ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барраси гардид. Ҷонибҳо инчунин перомуни вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.

09,04,2022,12,56.jpg

 

Нигористон

Тақвим