Мулоқоти Сафир бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия

09.04.2022 12:46

8 апрели соли 2022, дар доираи сафари корӣ дар Димишқ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сурия Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, роҳандозии ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавӣ ва табодули таҷриба баррасӣ гардида, атрофи вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.

09,04,2022,12,46.jpg

 

Нигористон

Тақвим