Мулоқот бо мудирони кишварии Бонки ҷаҳонӣ

09.04.2022 12:17

7 апрели соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо мудири кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва мудири кишварии ин ниҳоди молияви дар Афғонистон Мелинда Гуд баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкориҳои баъдӣ дар соҳаи энергетика, тандурустӣ, баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

09,04,2022,12,20.jpg

Нигористон

Тақвим