Ҷаласаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конфронси дуюми Душанбе ва Конфронси оби СММ-2023

08.04.2022 18:08

7 апрели соли 2022 дар ш. Женева бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” (Душанбе, 6-9 июни 2022) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) баргузор гардид.
Нишасти мазкур бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ва Намояндагии доимии Подшоҳии Нидерланд дар СММ ва  бо дастгирии Созмони ҷаҳонии метеорология (WMO), Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва СММ-Об ташкил карда шуда, дар чаҳорчӯби он Намояндаи доимии Тоҷикистон Ҷамшед Ҳомидова ва роҳбари котиботи Конфронс Султон Раҳимзода суханронӣ намуданд. 
Зимни суханронии худ Ҷ. Ҳомидов зарурати ҳамкории кишварҳои ҷаҳонро дар соҳаи пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъкид карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ-2023 дар бораи Конфронси дуюми Душанбе маълумот пешкаш кард.  

08,04,2022,18,09.jpeg

08,04,2022,18,10.jpeg

 

Нигористон

Тақвим