Ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ тибқи Б2,§18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи хизмати давлатӣ»таҳти №273 аз 8 июни соли 2007 сурат гирифта, тартиби гузаронидани он тавассути «Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», ки 20 майи соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№659) тасдиқ гардидааст, муқаррар карда мешавад.
Озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатии маъмурӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизматчиёни давлатӣ дар шакли дохилӣ ва ё кушода гузаронида мешавад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки ба талаботи тахассусии барои мансаби дахлдори муқарраргардида ва талаботи Низомномаи дар боло зикршуда мувофиқат мекунанд, ҳуқуқ доранд, довталаби мансабҳои холӣ бошанд ва дар озмун иштирок намоянд.
Эълон дар бораи гузаронидани озмун дар гӯшаи эълонҳои Вазорат, сомонаи Вазорат ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ нашр карда мешавад. Эълон дар баробари номи мақомоти давлатӣ, номгӯи мансабҳои холӣ ва андозаи музди меҳнат, инчунин талаботи асосӣ нисбат ба довталабон ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳоро низ дар бар мегирад.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо на камтар аз 14 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмунро дар бар мегирад. Довталабон барои иштирок дар озмуни кушода ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
Ариза ба номи Вазири корҳои хориҷӣ;
Саволномаи (анкета) шакли муқарраршуда;
Тарҷумаи ҳол;
2 дона расм (4,5 х 6,5) ;
Нусхаи шиноснома;
Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.) ;
Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
Маълумотномаи тиббии №086 (тибқи тартиби муайянгардида) ;
Маълумотнома оид ба даромад ва амвол;
Тавсифнома аз ҷойи кор;
Маълумотнома оид ба доғи судӣ;
Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
Интизор меравад, ки довталаб дорои маълумоти олии дахлдор бошад. У бояд асосҳои муносибатҳои байналхалқиро дониста, дорои малакаи тартиб додани ҳуҷҷатҳои аналитикӣ ва иқтисодӣ бошад.
Донишҳои мукаммали забони русӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ, арабӣ ва ғ.) дар баробари донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ҳатмист.
Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, хислатнома, тавсияҳо) маълумоти иловагӣ пешниҳод намоянд. Ариза ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи довталабон бояд дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод карда шаванд. Комиссияи озмунӣ на дертар аз 5 рӯзи анҷоми марҳалаи қабули аризаҳо, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳлил карда, мувофиқати довталабонро ба талаботи тахассусӣ нисбат ба мансабҳои холӣ муайян ва дар бораи ба сӯҳбат иҷозат додан ё надодани онҳо қарор қабул мекунад.
Сӯҳбат бо ҳар як довталаб алоҳида гузаронида мешавад. Дар рафти сӯҳбат сатҳи дониш, дараҷаи тахассус, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян кардани сатҳи дониш ва малакаи касбии довталабон мумкин аст аз дигар шаклҳои санҷиш (навиштани реферат, санҷиши тестӣ ва ғ.) истифода карда шавад. Дар чунин ҳолатҳо довталабон ба санҷиши инфиродӣ ё гуруҳӣ фаро гирифта мешаванд. Дар сурати ба суҳбат ҳозир нашудани довталаб, ӯ аз озмун нагузашта ҳисобида мешавад.
Ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмунӣ баъди анҷоми суҳбат бо довталабон баргузор гардида, номзад ё номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ тавсия дода мешаванд. Довталаб дар ҳолате аз озмун гузашта ҳисобида мешавад, ки натиҷаи имтиёзҳои бадастовардаи ӯ барои ишғоли мансабҳои холӣ кофӣ бошанд ва ба тарафдории ӯ аксарияти ҳайати комиссияи озмунӣ овоз дода бошад. Ҳангоми баробар будани овозҳо ва имтиёзҳои довталабон овози раиси комиссияи озмунӣ ҳалкунанда ҳисоб меёбад. Рафти суҳбат бо довталабон ва қарори комиссияи озмунӣ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, он аз тарафи раис, аъзо ва котиби комиссияи озмунӣ имзо карда мешавад.
Довталаби аз озмун нагузашта ҳуқуқ надорад, ки дар озмун барои ишғоли мансаби холии мавриди озмун қароргирифта, ки ӯ довталаби он буд, такроран дар давоми як сол иштирок намояд.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабоне, ки ба суҳбат иҷозат дода нашудаанд ё аз озмун нагузаштаанд, дар асоси муроҷиати довталаб бо гирифтани забонхат баргардонида мешаванд.