12 декабри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Марвон ал-Ғоним сурат гирифт, ки зимни воҳурӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, роҳҳои тавсеаи минбаъдаи ин ҳамкориҳо, такмили фазои сармоягузорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.
Зимни мулоқот Марвон ал-Ғоним изҳор дошт, ки Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар оянда низ дар татбиқи лоиҳаҳои зерсохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъоли худро таъмин менамояд.