7 декабри соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои Осиё Валид Алӣ ал-Хубайзӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва вазъи минтақа баррасӣ гардида, перомуни мавзӯъҳои барои ҳарду ҷониб муҳим табодули афкор сурат гирифт.