Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон

31.10.2021 17:31

31 октябри соли 2021 дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба Салтанати Умон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал- Ҳорисӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар ва таҳкими баъдии он дар арсаҳои мухталиф баррасӣ гардида, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg