Дар пасманзараи баргузории ҳамоишҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Душанбе, рӯзи 19 сентябри соли 2021 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҷандҷонибаи сафирони кишварҳои узв, нозир ва шарикони гуфтугӯ дар СҲШ ва кишварҳои аъзои СААД баргузор гардид.
Сафирони кишварҳои аъзо, нозир ва шарикони гуфтугӯ ба баргузории ҳамоишҳои сатҳи олии СҲШ ва СААД дар шаҳри Душанбе баҳои баланд доданд.