Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саъид баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва вазъи минтақа баррасӣ гардида, перомуни мавзӯъҳои барои ҳарду ҷониб муҳим табодули афкор сурат гирифт.