10 ноябри 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат дар СҲШ-ро аз Федератсияи Русия қабул кард.
Раёсати кишвар ба 20-солагии таъсис ёфтани Созмон рост меояд.
Дар Тоҷикистон Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ муҳтарам Қоҳир Расулзода фаолият мекунад.
25 феврали 2019 Раиси Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиноҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ-ро тасдиқ намуданд.
8 октябри 2020 аз ҷониби Роҳбари давлат Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 тасдиқ гардид. Тибқи Консепсия Нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва Нақшаи чоранибиниҳои дохилидавлатӣ таҳия шудаанд, ки зиёда аз 100 чорабиниро дар бар мегирад. Баргузории аксари он чорабиниҳо дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
28 декабри 2020 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20-солагии СҲШ-ро тасдиқ карданд.
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ Ситод оид ба баргузории ҷаласаи ҷашнии СҲШ фоалият дорад.
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ мувофиқ бо санадҳои асосии Созмон амалӣ шуда, ба татбиқи пай дар пайи шартномаҳои байналмилалӣ, қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавии қабулшуда ва мувофиқаҳое, ки дар санадҳои ниҳоии ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ бо мақсади рушди батадриҷи Созмон дарҷ шудаанд, равона гардидааст.
Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ба усулҳои баробарӣ, давомат, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми фикри ҳар давлати узви СҲШ асос ёфтааст.
Шиори раёсати Тоҷикистон дар СҲШ:
«20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ».
Ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ чунин мебошанд:
Барои татбиқи ҳадафҳои раёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои аъзои СҲШ иҷрои як зумра вазифаҳо дар самтҳои зерини рӯзномаи Созмон ба нақша гирифта шудааст.
Дар самти сиёсӣ:
Дар ин росто, дар Душанбе баргузории Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар назар аст.
Дар самти таъмини амният:
Ба ин муносибат, дар Тоҷикистон Вохӯрии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ, Машварати вазирони мудофиа ва Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ, ки барои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдор шудаанд, баргузор хоҳанд шуд.
Дар самти иқтисодӣ:
Ба ин мақсад дар ҷумҳурӣ Ҷаласаи Раёсати Шӯрои кории СҲШ, Ҷаласаи Шӯрои Иттиҳодияи байнибонкӣ, Форуми иқтисодӣ, Вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказӣ (миллӣ), Машварати вазирони нақлиёт, Машварати вазирони саноат, Машварати вазирони энергетика ва Машварати вазирони кишоварзии давлатҳои аъзои СҲШ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо оид ба амнияти озуқаворӣ, хадамоти байторӣ, карантинӣ ва санитарӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар самти гуманитарӣ:
Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон баргузории Машварати вазирони фарҳанг, Машварати вазирони адлия, Машварати вазирони тандурустӣ, Машварати роҳбарони хадамоти давлатҳои аъзои СҲШ, ки барои таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологӣ масъуланд, Машварати роҳбарони идораҳои огоҳӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, Вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳӣ, Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, Форуми сайёҳӣ, Ниммарафони СҲШ дар шаҳри Душанбе, Форуми роҳбарони васоити ахбори омма ва Форуми занҳо дар назар аст.
Дар самти байналмилалӣ:
Ба ин муносибат Тоҷикистон ният дорад дар Ню-Йорк чорабинии муштараки сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ байни СҲШ ва СММ ва ҷаласаи гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон»-ро дар Душанбе баргузор кунад. Инчунин чораҳои лозим барои қабули қатъномаи «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай» дар рафти иҷлоси 75-уми Маҷмаи Умумии СММ андешида мешаванд.
Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон 26-29 январи 2021 дар Душанбе баргузор гардид.
Баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (саммит) 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе дар назар аст.