Рамзҳои давлатӣ

01.03.2013 08:10

                                                          ИҚТИБОС АЗ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                                         "ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

nishon.jpg

 

 

 

 

 

 

 

 

БОБИ 3 НИШОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 7. Истифодаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ранга, якранг ва ё сиёҳу сафед истифода бурда мешавад.

Моддаи 8. Ҷойгиркунии тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:

- дар пештоқи биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ, дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва толорҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дасттоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- дар мӯҳр, бланкҳо ва санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ;

- дар нашрияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шиносномаю шаҳодатномаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ дода мешаванд;

- дар сутунҳои марзӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ;

- дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар нишонҳои фарқкунанда ва либоси расмии муқарраршудаи шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ ё хизмати дигари давлатӣ мебошанд.

2. Ҳангоми дар як вақт ҷой додани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳаҷми ин нишонҳо аз ҳаҷми Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд калон бошад ва дар ин маврид Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тарафи чап ҷой дода шавад.

3. Ҷойгиркунии тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, манъ аст.

 

АЛОМАТҲОИ
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №500 
«Дар хусуси тасдиқи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст)

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоирае, ки аз ҳафт ситораи бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чамбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст, иборат мебошад. Болои чамбар бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён болои лавҳ китоби кушодашуда ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва лавҳ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед, сабз ва муқоваи китоб сурх мебошад.

 

 

ИҚТИБОС АЗ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

parcham.png

 

 

 

 

БОБИ 2 ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 5. Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад:

- дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд;

- дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.

3. Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

4. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афрохта мешавад:

- дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ;

- дар рӯзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо;

- ҳангоми эълони мотам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мотамӣ афрохта мешавад: ба чӯбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд. Дар сурати ба чӯбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чӯбдаста хам карда мешавад.

5. Дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рӯи эҳтироми ҳарбӣ, ки Оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад. Пас аз гӯронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад.

Моддаи 6. Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:

- дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ;

- дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат;

- дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ;

- дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ;

- дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АЛОМАТҲОИ
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 
«Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст)

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 метр аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дошта шудаанд, ки паҳлӯи амудиашон 0,8 паҳлӯи уфуқиашон 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5–и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд.

Тоҷи баландиаш 0,55–и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2–и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2–и рахи сафед васл гардидаанд.

 

СУРУДИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шеъри Гулназар Келдӣ
Оҳанги Сулаймон Юдаков

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
ҳабиби мост,

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

 

ИҚТИБОС АЗ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

БОБИ 4 СУРУДИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 9. Суруди Миллии Ҷумхурии Тоҷикистон ва тартиби иҷрои он

1. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун иҷро карда мешавад.

2. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи оркестр (созӣ), хор, оркестрӣ-хорӣ ё худ ба тариқи созию овозӣ иҷро карда мешавад. Ҳамчунин барои иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои техникии сабт истифода бурдан мумкин аст.

3. Дар ҳолати иҷро кардани Суруди Миллӣ ба тариқи созию овозӣ он пурра сароида мешавад, агар Суруд ба тариқи созӣ қисман иҷро гардад, сарахбори хор ва нақаротро як бор навохтан мумкин аст.

4. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд саҳеҳ, мувофиқи матн ва оҳанг иҷро карда шавад.

5. Ҳангоми ба тариқи расмӣ садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин аз ҷой бармехезанд.

Моддаи 10. Мавридҳои иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад:

- баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯи вазифа;

- дар оғозу анҷоми ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудаанд;

- ҳамарӯза ҳангоми оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ;

- ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва чорабиниҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, мувофиқи иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созмон медиҳанд;

- ҳангоми маросими расмии пардабардорӣ аз рӯи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои хотира ва дигар иншоотҳои мансуб ба муҳимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи қаҳрамонони Тоҷикистон, арбобони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, ходимони илм, адабиёт ва фарҳанг;

- ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо бо мукофотҳои давлатӣ;

- ҳангоми истиқбол ва гусели сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ташриф меоранд, баъди иҷрои Суруди Миллии давлатӣ онҳо;

- ҳангоми баргузории маросимҳои ҳарбӣ;

- ҳангоми тантанаҳои умумӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳангоми баргузории мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ ва дохилиҷумҳуриявӣ мувофиқи қоидаҳои гузаронидани ин мусобиқаҳо;

- ҳангоми баргузории маросимҳои расмӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти расмии давлати дахлдор.

2. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад ва ҳозирин ба Парчами давлатӣ рӯ меоваранд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg