3 ноябри соли 2020 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини Вазири корҳои хориҷи ин кишвар оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Сайид баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолат, дурнамо ва таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва башардӯстона баррасӣ гардиданд.