Аълоҳазрат Амири Кувайт Президенти Тоҷикистонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади президентӣ табрик намуд.

14.10.2020 02:05

Аълоҳазрат Амири кишвар Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ фиристодааст. Дар барқия Аълоҳазрат самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як муҳлати дигари президентӣ баён намуда, ба Ҷаноби Олӣ тавфиқу комёбӣ, сиҳативу саломатии бардавом ва ба муносибатҳои мустаҳками миёни ду кишвари бо ҳам дӯст, рушду пешравӣ таманно намудааст.

Аълоҳазрат Валиаҳд Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ фиристодааст ва дар он Аълоҳазрат самимонатарин тамнниёти хешро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як муҳлати дигари президентӣ баён намуда, ба Ҷаноби Олӣ тавфиқу комёбӣ таманно намудааст.

Ҳамчунин Раиси Шӯрои Вазирон Аълоҳазрат Шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ низ чунин барқияи табрикӣ фиристодааст.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg