Нишасти матбуотӣ вобаста ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он

12.10.2020 17:01

12 октябри соли 2020 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо ҳузури хабарнигорони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ вобаста ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он баргузор гардид.

Дар рафти нишасти мазкур аз баргузории маъракаи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он натиҷагирӣ карда шуд. Ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозирин ба ташаббусҳои Пешвои миллат, ки мавриди пуштибонии густурдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва дар ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Дар поёни нишаст Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Др. Зубайдулло Зубайдзода ба саволҳои сершумори хабарнигорон посухҳои мушаххас дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg