Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои Осиё

27.07.2020 18:17

27 июли соли 2020  мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини Вазири корҳои хориҷи ин кишвар оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Сайид баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолат, дурнамо ва таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, башардӯстона, вазъи минтақаву ҷаҳон ва ҷалби кумакҳои хайриявӣ ба Тоҷикистон баррасӣ гардида, перомуни пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус (КОВИД-19) табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg