19 декабри соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Салтанати Умон бо Вазири гардишгарии он кишвар Аҳмад ибни Носир ал-Миҳразӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро бо дарназардошти имкониятҳо ва зарфиятҳои сайёҳии ду кишвар таъкид намуда, роҳандозии робитаҳои мустақим миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишварро ҷиҳати ҷалби сайёҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ изҳор намуда, барои баргузор намудани чорабиниҳои муштараки сайёҳӣ мусоидат менамоянд ва раванди мувофиқасозии санади ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро идома дода, дар наздиктарин фурсат онро ба имзо мерасонанд.