Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Умон

20.12.2019 20:45

19 декабри 2019 дар Масқат вохӯрии Вазири корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Юсуф бин Алавӣ бин Абдуллоҳ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, муҳоҷират, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зарурати таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориро дар арсаҳои гуногун таъкид намуданд.

Дар поёни вохӯрӣ Барномаи иҷроӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон барои солҳои 2020-2022 ба имзо расид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg