Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини Сарвазири Салтанати Умон

20.12.2019 17:41

19 декабри 2019 дар Масқат Муовини Сарвазири  Салтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт.

Дар он мулоқот Вазири корҳои хориҷии кишвари мо паёми расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Умон Қобус бин Саидро ба мусоҳиби худ супорид.

Дар вохӯрӣ ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар ва таҳкими баъдии он дар арсаҳои мухталиф баррасӣ гардида, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.  

Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бардоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои воло тадбирҳои лозимро андешиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg