31-уми марти соли 2019 дар шаҳри Масқат маросими супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдуллоҳ Зубайдзода ба Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон ҷаноби Юсуф бин Алавӣ бин Абдуллоҳ баргузор гардид.
Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома Сафир бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба робитаҳои ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Умон ва роҳҳои густариши онҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.