Мулоқот дар Вазорати тиҷорат ва саноати Салтанати Умон

20.12.2019 18:53

19 декабри соли 2019 дар Вазорати тиҷорат ва саноати Салтанати Умон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Вазири тиҷорат ва саноати  он кишвар Аҳмад ибни Ҳусайн аз-Зиб доир гардид.

Дар он мулоқот масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ сайёҳӣ, ҷалби сармояи умонӣ ба лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон ва роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои Умон ҷиҳати содир намудани маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшида, барои зиёд намудани табодули тиҷоратӣ миёни ду кишвар тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg