23 июли соли 2020 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло Наҷот бо Муовини Вазири корҳои хориҷи ин кишвар оид ба масъалаҳои ташрифот Зорӣ Аҷрон ал-Аҷрон баргузор гардид.
Зимни он мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардид ва тарафҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ ва бар зарурати густариши онҳо таъкид намуданд.