4 феврали 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё Порнчай Данвиватана баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону анҷумани мазкур дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо таъкид карданд.