24 октябри соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири иттилоот оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Юсуф Мустафо Абдуллоҳ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи иттилоот, таблиғи имкониятҳо ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ба имзо расонидани Барномаи иҷроияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2020-2023 дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.