Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Кувайт

25.04.2019 16:47

25 апрели  2019 Дар Ал-Кувайт Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Аҳмад Носир ал-Муҳаммад ал-Сабоҳ, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдзода Зубайдулло Наҷотро дар бинои Вазорат ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои сиёсиву иқтисод, иштирок дар кори Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷиноятҳои мутавшаккил”, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg