Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои Осиё

09.04.2019 15:13

9 апрели соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло Наҷот бо Муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ал-Сайид баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва башардӯстона, ҳамчунин вазъ дар  минтақа баррасӣ гардида, перомуни мавзӯъҳои мавриди эҳтимом табодули афкори судманд сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg