Мулоқоти Сафир бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ

17.03.2019 15:03

Санаи 17 марти соли 2019 дар шаҳри Бағдод мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло Наҷот бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои бисёрҷониба Ҳозим ал-Юсуфӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ироқ ба Ватан, баргузории машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, иштироки ҷониби ироқӣ дар Саммити 5-уми давлатҳои аъзои МҲТБО ва Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

 Ҳамчунин ҷонибҳо бар зарурати табодули сафарҳои сатҳи баланду олӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни мақомоти қудратии ду кишвар таъкид ва доир ба вазъият дар Ховари Миёна ва Афғонистон табодули афкор карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg