Мулоқоти Сафир бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

06.03.2019 14:56

Санаи 6 марти соли 2019 Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Носир Сабиҳ  ас-Сабиҳ Сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдзода Зубайдулло Наҷотро дар бинои Вазорат ба ҳузур пазируфт.

Густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои барои ҷонибҳо муҳим ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, махсусан Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ҷалби кумакҳои хайриявӣ ба Тоҷикистон, мубориза бо тероризму экстремизм ва ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои зиддиконститутсионӣ мавзӯъҳое мебошанд, ки зимни мулоқот мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гиритфанд.

Ҳамчунин даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин ба унвони Муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил”, ки рӯзҳои 16-17 иайи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба ҷониби кувайтӣ супорида шуд.

Ҷониби кувайтӣ иброз намуд, ки дар Конфронси мазкур кишвараш дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg